БИЁ БИХАНДЕМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Марде бедор шуда дид, ки шахсе дар байни хона истодааст, пурсид:
–Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
–Ҳофизӣ мекунам.
– Овозат намебарояд-ку? - пурсид мард.
– Овозро пагоҳӣ мешунавед,- гуфт он шахс.
Мард курпаро ба сараш кашида, баҳузур хоб кард. Зани мард саҳарӣ бедор шуда, дид, ки ҳама чизро рӯбучин карда, гирифта рафтаанд, доду фарёд сар кард.
Мард чӣ ходиса руй доданашро фаҳмида гуфт:
–Аҷаб марди ростгӯе будааст, гуфта буд – а: “Овозро пагоҳӣ мешунавед”.

Аз саҳифаи фейсбукии дӯстон

16.06.2022