хосиятҳои шифоии пудина

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Пудина рустаниест бисёрсола. То 150 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи байзашакл, дандонадор. Хӯшагулаш саракмонанд, одатан, дар нӯги появу шохаҳои паҳлуӣ ҷойгир аст. Гулаш майда, гулобии нофармон ё сурхи нофармон, қифшакл ё зангӯламонанд; тобистону тирамоҳ мешукуфад. Пудина дар марғзор, алафзор, лаби чашма, ҷӯю канал, соҳили дарё ва кӯлу обанборҳо мерӯяд.
Дар Тоҷикистон 4 намуди пудина маъмул аст: пудинаи лалмӣ ва наъно.

 

Абӯалӣ ибни Сино бо оби пудина бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро табобат мекард, тухми онро позаҳр меҳисобид. Барг, равғани эфири пудина ва ментолеро, ки аз он ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи зиқи дил, невралгия, шақиқа, бемориҳои илтиҳобии меъда, ҷигар ва ғайра истифода мебаранд. Дар фитотерапия ва тибби халқӣ бо пудина ғалаёни хун, атеросклероз, иллати гурдаю ҷигар, меъдаю рӯдаро табобат мекунанд.
 

Ба ақидаи табибони мардумӣ истеъмоли пудина сӯзиши меъдаро таскин медиҳад, оруғ ва беҳузур шудани дилро ба ибро меоварад, бодҳоро пароканда менамояд; онро сӯхта ба дандон бимоланд, милки онро мустаҳкам мегардонад. Агар касе аз шаҳвати худ маҳрум гашта бошад, чун дар ҳар се рӯз як маротиба 1,75 грамм хушки пудинаи кӯҳиро соида бо 10,5 грамм тухми харбуза, 35 грамм маскаи гӯсфанд ва 70 грамм асал бихӯрад, шаҳваташ барқарор ва ҳатто зиёд мешавад. Оби пудина ё тару тозаи онро бо асал бихӯранд, арақ меоварад, пешобро меронад.
wikipedia.org

16.06.2022