Эҳтиёт бош, кӯдак ҳам инсон аст!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Кӯдакон қишри ҳассоси ҷомеа буда, ба ҳифзу ҳимояи насли бузург эҳтиёҷманданд. Онҳо низ дорои ҳуқуқҳои худ буда, ҳифзу риояи ҳатмии онҳо дар қонун дарҷ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки дар бисёр ҳолатҳо ҳуқуқҳои ин навниҳолакони зиндагӣ поймол мешавад.

–Албатта кӯдакон низ ба мисли дигар аъзои ҷомеа дорои ҳуқуқҳои худ мебошанд, аммо таассуфовар он аст, ки дар оила ва ҷомеа на ҳама вақт ин ҳуқуқҳо ҳифзу риоя мешаванд. Ман бисёр аз хешу табор, наздикон ва ҳамсоягонро медонам, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро бепарвоёна поймол мекунанд. Зӯроварӣ нисбати онҳо ҳуқуқвайронкунии махсус аст, ки дар бисёри оилаҳо дида мешавад. Дуруст аст, ки кӯдак заиф аст, на пеши касе шикоят бурда метавонад, на аз худ ҳимоя карда. Инҷо айб дар худи мо калонсолон аст, ки ба тамоми поймолшавии ҳуқуқҳои кӯдакон чӣ худӣ бошад, чӣ бегона чашм мепӯшем. Агар мо насли калон ҳангоми мушоҳидаи ин ҳуқуқпоймолкуниҳо нисбат ба қишри ҳассосу аз лиҳози ҷисмӣ ҳануз заифи ҷомеа ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кунем, ин амалҳо аз миёни мардум оҳиста-оҳиста бардошта мешавад, – мегуяд сокини ноҳияи Дустӣ Мавлуда Давлатова.
 

Аз ҳама ҳуқуқпоймолкунии бераҳмона ин аз ҳаёт маҳрум кардани кӯдакон аст, ки дар натиҷаи ягон хушунат ва ё зӯроварӣ нисбати калонсолон ба амал меояд. Мушоҳидаҳо зиёд аст, ки кӯдак аз ҷониби падар, модар ё ягон аъзои оилаи худ кушта мешавад. Бидуни мисоли рушан овардан аллакай ҳама аз ин гуна ҳодисаҳо огоҳанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашри чунин хабарҳо кам нестанд.
 

Як ҳуқуқпоймолкунии нанговар ва таассуфоваре, ки зиёд шунида мешавад, ин таҷовуз ва қатли бераҳмонаи кӯдакони хурдсол аст. Бо вуҷуди он ки тибқи қонунгузорӣ кӯдак ба ҳифзи саломатии худ ҳуқуқ дорад, вале дар бисёр ҳолат аз заифии ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон истифода бурда, онҳоро мавриди таҷовуз қарор медиҳанд ва баъзан баъди он ба хотири ошкор нашудани ин амал ба қатл мерасонанд. Ҳуқуқшиносон мегуянд, мо аз ҳуқуқи кӯдакон ҳимоя мекунем ва барои ҷинояткороне, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро дидаю дониста поймол мекунанд, ҷазо таъйин мешавад, аммо барои пешгирии ин ҳолатҳо пеш аз ҳама таваҷҷуҳи хонаводагӣ лозим аст, зеро аз ҳама наздик ба кӯдак ин падару модари он ва волидайнест, ки дар канори онҳо кӯдак ба воя мерасад. Воқеан ҳам агарчи ҷинояткоре, ки дар поймолсозии ҳуқуқи кӯдаки хурдсол даст дорад, ҷазои хешро мегирад, аммо бо ҷазо гирифтани он на кӯдаки таҷовузшудае солим мешавад ва на тифли қатлшудае дубора зинда. Барои ҳамин падару модаронро ба таври ҳатмӣ зарур аст, ки кӯдакони хурдсоли худро беназорат нагузоранд. Мутаассифона вақте ба кӯдак дар муҳити оила имиконияти озодона сухан кардан, ба табъи дили хеш бозию даву тоз карданро намедиҳанд, маълум аст, ки вай ба кӯча рӯй меоварад ва дар кӯча будани кӯдак бе назорати волидайн хатар дорад.
 

Модари рӯзгордида Маъмурамоҳ Шарифова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, барои насли калонсол ин одат шудааст, ки дар бисёр ҳолатҳо кӯдаконро ҳеҷ кас дониста, ҳар тавре хоҳанд дар ҳузури онҳо муомила мекунанд ва ин аз як ҷиҳат агар ба тарбия халал ворид созад, аз ҷиҳати дигар дар онҳо нуқсони равонӣ пайдо мешавад ва тарзи фикр-ронии онҳо хароб мешавад.
 

Охир кӯдак ҳанӯз хубу бадро фарқ намекунад. Кӯдак ҳамон як қоғази сафедест, ки рӯи он ҳарчизе навиштем ҳамонро мехонем, чӣ хубу чӣ бад. Одатан кӯдакон гапдаро нею тақлидкоранд. Онҳо амалу машғулиятҳои моро дида, зуд тақлид мекунанд. Кӣ то ҳол дидааст кӯдакеро, ки бе ягон мушоҳида аз пеши худ амалеро иҷро намояд?! Масалан вақте дар хона ҳама ба тамошои телевизион машғул ҳастанд, кӯдак низ ба он таваҷҷуҳ мекунад. Аввалаш ин ки мо табъи кӯдакро ба назар нагирифта, ҳамон шабакаеро мемонем, ки дили мо мехоҳад ё филми дӯстдоштаи мо намоиш дода мешавад. Бояд ин хел набошад. Мо ба психологияи синнусолии кӯдак нигоҳ карда, бояд мувофиқи худаш тамошои филмҳои муносибро иҷозат диҳем, на ин ки тамошои филмҳои зӯроварие, ки ба худи мо писанд аст. Масалан, барои кӯдакон тамошои филмҳои тасвирии тарбиявӣ, ки аз он чизе ёд мегирад, дуруст аст. Оилаҳои солим дар пеши кӯдакон баҳсу ҷанг намекунанд ва кӯдакро дарҳол дар олами бузургсолон ворид сохтан хато аст. Бояд кӯдак даврони зебои худро дошта бошад, ё як одати бади дигари баъзе аз калонсолон ин аст, ки оқибати корро наандешида, нисбати кӯдак бисёр зуроварӣ мекунанд. Мо мехоҳем кӯдак дарҳол гапҳои моро фаҳмад ва он чӣ, ки мо мехоҳем, ҳамонро кунад. Мо набояд аз хотир барорем, ки хушунату зуроварӣ нисбати кӯдак баръакс ба тарбияи ӯ халал ворид месозад. Вақте асаби ӯро хаста кардем, дигар ҳеҷ насиҳату тарбияро қабул карда наметавонад. Бояд бо усули кӯдакона ҳамчун рафиқи ӯ бо тарзи сода ба кӯдак фаҳмонем, ки ин хатову ваяш дуруст аст. Хушунату зуроварӣ нисбати кӯдак ва фароҳам наовардани муҳити солим боиси костагии ахлоқи ӯ мешавад ва оянда чунин хатоҳо дар ҳаёташ такрор мешаванд. Шахсан худи ман ҳамчун як модар дар даврони хурдии фарзандонам ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардаам, ки ҳуқуқҳои фарзандони хурдсоли худро поймол созам. Ба онҳо ҳамчун шахсият бархурд мекардам, фикрҳои онҳоро эҳтиром мекардам ва ҳама вақт имкон медодам, ки онҳо гуфтаниҳову хостаниҳои худро баён созанд. Ҳеҷ кадомаш авбош нашуд, ҳама соҳиби касб, маро дӯст медоранд ва барои тарбияи хуби онҳо ман раҳмат мешунавам”, – мегуяд ин модари рӯзгордида.
 

Ба андешаи донишмандон, ҳар кӯдак бо қобилият ва истеъдоде ба дунё меояд. Танҳо волидонро зарур аст, ки онро кашф намуда, барои рушди минбаъдааш тадбир андешанд. Равоншиносон бар он назаранд, ки рушди истеъдод, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбия алоқаманд аст. Олимон мегӯянд, кӯдак қобилияти ақлониро аз волидон ба мерос мегирад. Чӣ қадаре, ки волидон закӣ бошанд, ҳамон қадар қобилияти зеҳнии кӯдак бештар мешудааст. Мутаасифона шумораи зиёди кӯдакон аз муносибати ноадолатонаи волидайн азият мекашанд. Аз ҷумла, ҳодисаҳои ҷудошавӣ байни ҳамсарон бисёр рӯх медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқотҳои худ паёпай насли калонсолро ба хуб омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва муқаддас нигоҳ доштани оини хонадорӣ ҳидоят мекунад. Яке аз ҳадафҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамин аст, ки дар радифи давлату ҳукумат падару модарон масъулияти худро дар назди фарзандон бештар дарк кунанд, зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти онҳо вазифадоранд. Беҳтарин роҳ барои тарбияи дуруст ҳавасманд намудани кӯдак аст. Агар кӯдакро ҳавасманд насозему табъи ӯро болида нагардонем, якрангӣ ба кӯдак гаронӣ меораду вазифаи дарпешгузошташуда барояш дилбазан мешавад.

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

16.06.2022