30-СОЛИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ ДАР БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РӮЗМАРА ДАР ХОНИШҲОИ СИЁСӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ВАРЗИШГАРОН"

Балҷувон:  

Мафҳуми номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватанӣ аз ҷумлаи рисолатҳои муқаддас ва пуршараф барои ҳар нафари ватандӯст ба шумор меравад. Бешак, мафҳуми ватану ватандӯстӣ барои ҳама фаҳмост. Чунки дар ашъори шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонеро мебинем, ки барои ватани худ корҳои бузурге анҷом додаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 24 декабри соли 2022 қабул гардид. Ин қонун ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Ҳамчунин дар қонуни мазкур мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ чунин шарҳ дода шудааст: Ватан — Тоҷикистон, мамлакати азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд. Ватандӯстӣ муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан.