ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13-уми июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сулҳ”, бо иштироки  масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур, аъзоён ва ҷонибдорони  ҳизб  маҷлиси  ҳисоботӣ интихоботӣ  баргузор гардид.

   Дар  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ масъалаҳои зерин дида шуд:

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

3.  Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ.

4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сулҳ” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ ва дар бораи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаи пурмуҳтавои хешро ироа намуданд.

    Инчунин масъулон дар баромади худ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем. Сипас аз ҷониби як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти  ибтидоӣ оид ба натиҷабахш гардидани  кори ташкилот ва пурсамар гардонидани фаъолияти он пешниҳодҳои  мушаххас  дода шуд.

     Маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуда ба кори худ хотима бахшид.