АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ " ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР " ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ дар сатҳи баланд баргузор менамоянд. Чунин иқдом ҳар рӯзи панҷшанбе дар ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ гузаронида мешавад.

Субҳи имрӯз дар дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо иштироки аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" ва "Беморхонаи маркази"-и шаҳри Левакант барои ободу зебо гардонидани шаҳр Аксияи тозагии ҳизбӣ баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо меҳнати софдилона ва ғайрати зиёд баҳри ободу зебо гардонидани шаҳру маҳал, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, роҳравҳо, хулоса тамоми шаҳр ҳамеша омодаанд.