АМАЛИ ХАЙР ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бобати дар арафаи иди Қурбон дастгирии оилаҳои камбизоату табақаҳои дигари иҷтимоии ниёзманди ҷомеа ҳизбиёни ноҳия пайваста корҳои хайрхоҳонаро ташкил намуда истодааст.

Дар таърихи 13-уми июни соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” дар ҳамоҳангии муассисаву марказҳои соҳаи тандурустии ҳудуди  ноҳия ба беш аз 10 нафар оилаҳои камбизоату ниёзманд кӯмаки яквақтайнаи моддӣ (аз қабили орд, равған, шакар, чой, намак, картошкаву пиёз) дастрас намуданд.

Ёдовар мегардем,ки нафарони ниёзманд кормандони соҳаҳаи тандурустии ноҳия ба шумор рафта, саҳми хешро дар таъмини ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷомеа дар қатори дигар пизишкону кормандони соҳа расонида истодаанд.

 

 

        

 

        

    Суратгузориш аз ҷараёни баргузории корҳои хайрхоҳона: