СОХТАНИ КӮПРУК - АМАЛИ ШОИСТА!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бузургони илму ҳикмат ва аҳли уламо хоса зикр намудаанд, ки обод кардани роҳ, сохтани кӯпрук, ҷорӣ кардани об, дарахтеро сабз ва боғеро бунёд намудан, дар қади роҳ сарпаноҳе барои роҳгузарон сохтан ва дили нафарони дигарро шод кардан аз ҷумлаи амалҳои неку шоистае маҳсуб меёбанд, ки савоби онҳо басо бузург аст.

Ин аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар ТИ “Рӯзобод”- Ҷамоати шаҳраки Киров-и ноҳияи Вахш, 12метр купрук бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тарақи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон азнавсозӣ карда шуда  истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани пулу роҳҳо камари ҳиммат бастанд. Воқеан дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд.

Инчунин кормандони Ташкилоти ибтидоии “МНДРА” ва аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада купруки мазкурро сохта истодаанд.