КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Аксияи "Мактаби ман" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.

Чунин як иқдоми созандагӣ аз ҷониби ҷавонони деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи Аксияи "Мактаби ман" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и ноҳия, сннфхонаҳои дохилии муассисаи мазкур битонпӯш карда шуда, таъмиру таҷдид карда  шуда истодаанд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташаббуси мазкурро давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.