Оғози даври минтақавии мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

Восеъ: Созандагони ватан  

Субҳи имрӯз дар шаҳри Кӯлоб даври минтақавии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ Ҳусейнзода Наврӯз- муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовинон ва намояндагони Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ чорабинии варзишӣ роҳандозӣ гардидааст.

Баромадкунандагон зимни баромадҳояшон иброз доштанд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хосатан футбол дар кишвар бо таваҷҷўҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми беназири Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол аз сол рушд ва инкишоф ёфта истодааст. Зеро футбол ҳамчун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш эътироф шуда, муваффақиятҳои дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чемпионатҳои Осиё оид ба футбол ба даст омада, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад. Рушди футбол ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад. Илова бар ин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад. Дар охир ба ҳамаи дастаҳои футболбозон бурдбориву неруи қавӣ ва барору комёбӣ таманно гардид.

Мавриди зикр аст, ки пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоӣ ба шаҳри Душанбе роҳхат дода мешавад.