МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САРИ МАЗОР” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Балҷувон: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари  мазор”-и ноҳияи Балҷувон маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар рафти баргузории маҷлис Зоирзода М.О раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок дошт.

  Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Сари мазор” 4-масъалаи муҳим баррасӣ карда шуд.

  1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сари мазор”
  2. Дар бораи пешниҳод ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.
  3. Обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ ва Ҳамрози халқ”.
  4. Масъалаҳои ҷорӣ

Саидова Ш-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур, вобаста ба фаъолияти яксолаи  кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ миёни аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Сари мазор” ҳисобот пешниҳод намуд.

Инчунин вобаста ба масъалаҳои  дигари рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.