“ҶОМИ ҲХДТ” НАСИБИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ГАРДИД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар даври сеюми мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ Саидзода Ҷамшед  Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо  ҷавонон ва варзиши вилоят ва муовинони раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ иштирок намуданд.
 

Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ чорабинии варзишӣ роҳандозӣ гардидааст.
 

Саидзода Ҷамшед  Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зимни баромади хеш зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим  ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону нав-расон ба варзиш мебошад. Илова бар ин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумуҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад.
 

Инчунин, Саидзода Ҷамшед  Ҳамро илова кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дастболо гардидани ҷавонону наврасон дар самти варзиш ва роҳнамоӣ кардани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста ташаббусҳои созандаеро роҳандозӣ менамояд. Дар охир ба ҳамаи дастаҳои футболбозон неруи қавӣ ва барору комёбӣ таманно намуд.
Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон низ изҳор дошт, ки ташкил ва баргузор кардани бозии футбол ба рушди варзиш дар сатҳи маҳал, бедор намудани шавқу завқи ҷавонону наврасон ба варзиш, дӯст доштани Ватан ва солимии ҷомеа мусоидат мекунад.

 

Ёдовар мешавем, ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
 

Мавриди зикр аст, ки санаҳои 11 ва 12-уми июн 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо ҳам қувваозмоӣ карда, дастаҳои футболбозони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, ғолибият ба даст оварданд.
Ҷойи сеюм насиби дастаи футболи ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дувум насиби дастаи футболи ноҳияи Вахш, ҷойи сеюм ва “ҶОМИ ҲХДТ” насиби дастаи футболи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардид.

 

Ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоии бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат дода шуд.
Ғолибон бо медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Хотиррасон менамоем, ки дар минтақаи Кӯлоб низ мусобиқаи футбол гузаронида мешавад.

“Ҳамрози халқ”