ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР МАВЗЕИ ОСЕБДИДА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

5 июн, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва узви Раёсати  Кумитаи  Иҷроияи  Марказӣ  ва  вилоятии  ҲХДТ,  раиси  вилоятиФХатлон  Давлаталӣ СаидФФ аз рафти корҳои соҳилмус-таҳкамкунӣ дар мавзеи канали Шураксойи ноҳияи Темурмалик дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Темурмалик мавзеъҳои хатарнок 27 километрро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, мавзеъҳои хатарноки аввалиндараҷа 5080 метр буда, аз ин дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд 2500 метр, дар мавзеи Ҳамровиё 1200 метр, дар деҳаи

Танобчии поён 400 метр, дар деҳаи Танобчии боло 800 метр, дар Ҷамоати деҳоти Кангурт 530 метрро дар бар мегирад.
 

Ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ дода шуд, ки канали Шураксой бо дарозии 1200 метр тӯл кашида, аз миёни маҳаллии аҳолинишини Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд гузашта, зиёда аз 40 хоҷагии аҳолиро дар бар гирифта, инчунин идораву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар тарафи росту чапи канали Шураксой ҷойгир мебошанд ва дар натиҷаи боридани боронҳои пайдарпайи моҳи апрел ва майи соли ҷорӣ зиёда аз 780 метр қисмати маҳалли аҳолинишин зарар дида, инчунин пули одамгузар қисман хароб шудааст ва биноҳои ёрирасони шаҳрвандон низ осеб дидаанд. Дар робита ба ин дар мавзеи осебпазир корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.
 

Ҳамзамон, дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат аз мавзеъҳои соҳили дарёи Сурхоб, ки дар пайи боронҳои пайдарпай зарар дида буд, шинос шуд.

Мавзеи дарёи Сурхоб аз маркази ноҳия дар масофаи 1,8 км ҷойгир буда, дар ин мавзеъ зиёда аз 10 хоҷагӣ ва корхонаи саноатии «Ҳалим-2002» ва коргоҳи қаннодии «Ҷонона» ҷойгир мебошанд. Бинобар омадани селҳои пайдарпайи дарёи Сурхоб, ба роҳи мошингарди Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд – Ҷамоати деҳоти Кӯшктеппа ба масофаи 150-200 метр зарар дида, инчунин заминҳои корами обии президентӣ ва заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии ба номи «Н. Турахонов» ба миқдори 12 гектар заминро шуста несту нобуд кардааст. Инчунин, расидани хатар ба маҳалли аҳолинишини ин мавзеъ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.
 

Дар мавзеи соҳили дарёи Сурхоб ҳамшафати варзишгоҳи марказӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои киштшавандаи корами обӣ воқеъ мебошанд, ки аз омадани селҳои пайдарпай зиёда аз 230 метр садди муҳофизатиро шуста бурдааст ва дар оянда расидани хатари ҷиддӣ ба ин мавзеъ дар назар аст.
 

То имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону саховатмандони Ҷамоати деҳоти Танобчӣ зиёда аз 250 метр садди муҳофизатӣ дар деҳаи Танобчии Болои Ҷамоати деҳоти Танобчӣ барқарор карда шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин самт бомаром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
раиси вилояти Хатлон