ЧАКАН ҶИЛВАИ РАМЗИ БАҲОР

Балҷувон: Созандагони ватан  

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби ЮНЕСКО Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.

«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд». ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст.

Чакан навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд.