ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ОМИЛИ АСОСИ МУҚОВИМАТ БО ТАҲДИДҲОИ ФИТНАСОЗ (АҲМАД ФИРӮЗ ВА АБДУЛҚОДИРИ ҲОМӢ)

Данғара: Вокуниш  

Халқи тоҷик дар раванди ташаккули хеш ҳамчун миллат арзишҳои маънавиеро офаридааст, ки аз баракати онҳо имрӯз соҳиби давлат ва истиқлолият гардидааст. Таърих гувоҳ аст, ки аз ин ганҷинаи бебаҳо на танҳо мардуми тоҷик, балки халқу миллатҳои дигар низ ба андозаи хиради хеш баҳрабардорӣ намудаанд. Имрӯз дар олам халқу миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки новобаста аз нуфузи зиёд соҳиби давлату давлатдорӣ нестанд. Мардуми тоҷик маҳз туфайли арзишҳои маънавии хеш, ки дар радифи арзишҳои умумибашарӣ мақоми хоса доранд, ба зинаи имрӯзаи пешрафту камолот расида, дар арсаи байналмиллалӣ мақоми шоистаро доро аст.

Аз ин рӯ, эҳтироми ин арзишҳо, поку беолоиш ҳифз намудани онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст ва худшиносу худогоҳи тоҷик мебошад.

Дар раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон субъектҳои тарбия – оила, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии ҳамаи намуд ва зинаҳо, муассисаҳои фарҳанг, сохторҳои давлатии масъули тарбия, аз ҷумла мақомоти қудратии мамлакат бояд дар маҷмӯъ низоми ягонаро ташкил диҳанд. Дар чунин маврид, ҳадафи тарбия низ ягона буда, роҳу усулҳои он гуногун буда метавонанд.

Яке аз шартҳои муҳими пойдории низоми ягонаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ин робитаи нагусастании ҳамаи унсурҳои он, аз мадди назар дур накардани ҳадафу ормонҳоест, ки низоми номбурда барои ба даст овардани онҳо талош меварзад. Зеро сабаби бақо ва пойдории ҳама гуна низомҳои идеологӣ, мавҷудияти ормон ё ҳадафи ягона аст. Аз ин нуқтаи назар дар раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд, танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд.

Ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи воҳид донистани он аст. Ормони асосии насли ҷавони тоҷик бояд шукуфоии ояндаи кишвари худ бошад.

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро дар шароити муосир бунёд карда метавонем.

Барои муқтадир гардидани давлат танҳо захираи зеҳнии миллат, тарбияи ватандӯстӣ, асолатгароӣ, худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд.

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад...

Аммо имрӯз ба чашм мерасад, баъзе аз ҷавонони мо бавоситаи шабакаҳои иҷтимоӣ гумроҳ гардида, таъриху фарҳанг ва арзишҳои милли худро қурбони фарҳангҳои бегона менамоянд. Дар натиҷа аз илму дониш дур гардида ба ҷаҳолат рӯ меоранд, ки боиси таасуф мебошад.

Ин гуна муносибат ҳеҷ дар шаъни миллати тоҷик рост намеояд, зеро миллате дар раванди таърих бузургони зиёде чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Форобӣ, Хайём, Низомулмулк, Ҳофизу Бедил ва садҳо бузургони илму фан дошта бошад. Чи гуна метавонад ба ифроту тафрит ва хурофоту ҷаҳолат ҳамраъйи намуда, озодагии худро коста созад.

Ман ҷом дӯст дорам озодазодаам,

Озодагон ба ҷом нафрушанд ҷоҳро...

Аммо имрӯз заҳҳок сифатоне пайдо гаштанд, ки обрӯву нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ паст мезанад.

Инчунин баъзе аз шахсҳои беҳувияту ҷоҳил аз кишварҳои ҳамсоя ҳатто одоби ҳамсоядориро намедонанд, яке аз принсипҳои сиёсати байналхалқӣ “Принсипи дахолат накардан ба корҳои дохил ва хориҷи кишвари дигар”-ро зери пой намуда, кушиш менамояд дар хонаи “тоҷикони ҷаҳон” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳисси бадбинӣ, ҷаҳолат ва фарҳанги бегонаро пиёда созанд, ки нишона аз ифротӣ будану манфиат ҷӯстан дар кишвари ҳамсоя мебошад. Ҳайф ба ҳамин гуна ашхоси фитнаангез, ки ҳеҷ вақт дар фикри дӯстиву ҳамсоядорӣ нестанд, танҳо дар фикри манфиат ҳастанду инчунин аз худ як рӯҳонии парҳезкор месозанд, ки нуфузи дини исломро мекоҳонанд. Аз номи худову аҳкоми диннӣ мардумро ба ифроту тафрит ва миллатбадбиниву таассуб водор месозанд, тухми кинаро дар миёни мардум мекоранд.

...Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андар оранд пеш...ро ҳамчун принсипи кору пайкори худ қарор медиҳанд. Мардумро ба тавҳиду худошиносӣ ва даъват ба дингароии ғайри ақлӣ даъват менамоянд.

Гар дарк кунӣ Худат Худоро бинӣ

Даркаш накунӣ Каъбаву бутхона якест

Ин ҷоҳилон на дониши амиқи диннӣ ва на дунявӣ доранд, танҳо мардум ва махсусан ҷавононро ба ақидаҳои муғризонаи худ ба ҷаҳолату бадбахтӣ аз номи дини ислом водор месозанд.

Аммо қайд намудан ба маврид аст, ки инсон вақте чизе дошта бошад метавонад ба касе чизе диҳад. Ва ё вақте инсон роҳеро рафта бошад метавонад касеро роҳнамоӣ кунад. Аммо инсоне, ки худ дар ҳоли чораҷӯӣ ва роҳгумзадагист, чигуна метавонад каси дигареро роҳ нишон диҳад. Ин ҷумлаҳоро менависаму фикр мекунам ингуна афроде ки то имрӯз натавоностаанд на танҳо ҷомеаи худ ҳатто атрофи худро ободу ором гардонанд ба як кишвари орому осода роҳ нишон медиҳанд. Ин гуна андешаҳо фарди огоҳро бар ин бовар мерасонанд, ки “саг коре наёфт думби худро мегазад”.

Саволе ба миён меояд, ки чи гуна шахсе ба монанди Аҳмади Фирӯз ва Абдулқодири Ҳомӣ дар муҳити ҷангу ҷаҳолат таваллуд шуда, ба воя расидданд, чи гуна лаззати ваҳдату осудагӣ, сулҳу амниятро дарк менамоянд. Оид ба ин масоил ҳанӯз Бедили бузургвор гуфтааст:

Бедил аз шабпара кайфияти хуршед мапурс,

Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд.

Ин қабил одамон мисли Аҳмади Фирӯз ва Абдулқодири Ҳомӣ танҳо дар майнаашон ҷангу хунрезӣ, ҷиҳоду қатлу кӯштор аст. Намедонанд, ки мо мардуми озода (тоҷик) ҷангро амали ҳайвонӣ, ваҳшигӣ ва ғайри ақлӣ ҳисобида танҳо аз рӯи принсипи дӯстӣ, ҳамзистии осоишта ва зиндагонии мусолиматомез ба сар мебарем, ки ин аз панди бузургонамон сарчашма мегирад.

Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,

Нашояд гирифтан чунин кор танг.

Муллоботур М. – Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара, аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”

ТАРБИЯИ ВАТАНДУСТИ ҶАВОНОН ОМИЛИ АСОСИ МУҚОВИМАТ БО ТАҲДИДҲОИ ФИТНАСОЗ (АҲМАД ФИРӮЗ ВА АБДУЛҚОДИРИ ҲОМӢ)

Ҳақ ниҳон нест вале хиранигоҳон кӯранд.