БЕШ АЗ ҲАР ВАҚТИ ДИГАР БИХРАДУ СОЛОР ШАВЕМ!

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Ҳеҷ ҷои шубҳа ва инкор нест, ки имрӯз пешрафту шукуфоиҳои Тоҷикистон, ташаббусҳову иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари маҳбуби тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рашки бадхоҳону нотавонбинони миллати тоҷикро барангехта бо ҳар роҳ ва усуле талош мекунанд то ба обрӯву эътибори кишвари биҳиштии мо осебе расонанд. Ин ҳадафҳои шум ва муғризона мутаассифона бо дасти чан нафар аз ҷавонони гумроҳу ҷоҳил ва аз донишу маърифат дури худи тоҷик анҷом дода мешавад ваё ба василаи ким кадом хоини беҳуввияти қораи Аврупо ё чанд муллои тиҳимағзу зархариди ҳамзабонамон. 

Аммо роҳи пешгирифтаи кишвари Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳест пур аз иқболу саодатмандӣ, роҳест расидан ба сӯи худшиносии воқеӣ, роҳи тараққиёт ва пешрафтаст. Имрӯз Тоҷикистон маҳбуби ҷаҳониён гаштан дорад. Ҳеҷ як ташаббускорӣ ва иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ бе таваҷҷӯҳ ва ҷонибдорӣ намемонад. Ҳамин баргузории ҳамоиши ҷаҳонӣ аз бузургдошти Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж, ки ман низ ба сифати хабарнигор иштирок доштам, як инқилоби бузурги илмиву фарҳангӣ ба миллати тоҷик эҳдо намуд. Ин ҳамоиш бори аввал дар чунин сатҳи баланд маҳз бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ташаббусҳои фароҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиёда гардид.

 Дар кори ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ-назариявӣ намояндагони воломақоми ЮНЕСКО ва 96 нафар олимону пажӯҳандагон ва мавлоношиносон аз 14 кишвари ҷаҳон иштирок ма суханронӣ намуданд. 

Ҳамагӣ аз иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари маҳбуби он ҷиҳати эҳё ва зиндасохтани ному мероси чунин нобиғагони оламгири тоҷик бо эҳсосу самимият андешаҳои хешро баён медоштанд. 

Ё худ ҳамин конфронсҳои сатҳи баланд дар доираи Раванди оби Душанбе, ки даҳо роҳбарони ташкилот, намояндагони баландпояи кишварҳои ҷаҳон ва зиёда аз 100 хабарнигор ҷиҳати иштирок ва инъикоси ин силсила конфронсҳо озими Тоҷикистон шуданд, ҳамагӣ аз шукуфоиҳои шаҳри гулбоғи Душанбе шигифтзада буданду бо ҳайрат байни ҳам аз ин ҳама нусратёриҳои диёри нозанини мо сухан мегуфтанд. 

Ҳамаи ин ифтихор аст, парвози мурғи иқболи Тоҷикистон ба сарманзили мурод аст, наздикшуданҳои киштии бахти тоҷикон ба соҳили тараққиёт ва пешравиҳои азим хоҳад буд.  

Албатта ин ҳама рашки ҳасудону бадхоҳони кишвари моро дучанд хоҳад кард. Аз ҳар роҳе кор хоҳанд гирифт то осебе ба ин пешрафтҳои кишвари нозанини мову шумо Тоҷикистони азиз бирасад. 

Таърих худ гувоҳ асту мардуми хонову доно огаҳ, ки тоҷикон аз бомдоди таърихи бо душманони сарсахту бераҳме мувоҷеҳ буд. Чашми ҳариси бадхоҳонаш ҳамеша ҷониби дороиҳои моддӣ ва маънавии миллати арҷманди тоҷик чор бурд. 

Акнун дар замони муосир низ кишвари мо озод аз ин тоифа нест. Баръакс ҳушёртару зирактар аз фардо даст ба кор гаштаанд. 

Мо низ набояд дар баробари ин гирдоби бунёдкани ҷаҳони муосир аз худ сустиву заифӣ нишон диҳем. Баръакс беш аз ҳар вақти дигар хирадманду солор шавем. 

Дар ҳар самту соҳае, ки кору фаъолият накунем, аз рӯи ситқ ба миллат ва пешрафтҳои аз ин бештари Тоҷикистони азиз талош варзем. 

Тоҷик миллатест, ки дар хуни вай пиёдакардани ҳадафҳои бузург чарх мезанад. Тоҷик миллатест, ки ба зиёдаи мардумони ҷаҳон тамаддун ва фарҳанг бахшид. Тоҷик миллатест, ки дар Мовароунаҳри бузург ва фаротар аз он унвони омӯзгорро дошт. Тоҷик мардуми хоссаи ин сайёраи нилгун аст. Пас чаро насли имрӯзи ин миллати вижа саодатмандиҳои аҷдодони хешро дар замони муосир анҷом надиҳанд?!. Албатта метавонанд. 

Бо умеди сарсабзиҳои ҳарчи бештари Тоҷикистони биҳиштӣ ва осоишу суботӣ ҳамешагии Меҳани азиз ва хок хӯрдани тири бадхоҳони он.