БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Восеъ: Ҳисобот  

Дар идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ва дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ ин навбат дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Тугарак-МТМУ №11”-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ва мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тугарак-МТМУ №11” Сулаймонов Қудратулло оғоз намуд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:              

1. Дар бораи  “Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Тугарак-МТМУ №11” дар  давраи ҳисоботӣ;                                                                                                                                2.  Дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Тугарак-МТМУ №11”;

3. Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Тугарак-МТМУ №11”;

4. Дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ““Тугарак-МТМУ №11”;

5. Дар бораи  интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии 21-уми Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ;

6.  масъалаҳои ҷорӣ

Дар аввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас масъулини ҳизбӣ баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дур будан аз бегонапарастиву  майл ба фарҳанги бегона ибрози андеша намуданд.

Дар идома Сулаймонов Қудратулло бо ҳамовозии аксарияти аъзоёни ташкилот аз сари нав ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии “Тугарак-МТМУ №11” интихоб гардид. Ҳамзамон масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ барраси гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.