ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоти намояндагони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 бо аъзо ва ҷонибдорони ин ташкилот оид ба мавзуҳои гуногуни пешгирии аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои ичтимоӣ мулоқот баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ қайд карданд, ки саҳми ҷавонони кишвар ниҳоят бузург мебошанд. Аз ин лиҳоз, мо  вазифадорем, ки  ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва  ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.  Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст. Баъзе  наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанд, аз хизмати  ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Дар баробари ин,  барои риоя накардани  муқаррароти Қонун «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Дар  ин масъалаи муҳим, таъкид месозем, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқомиват ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди  сохтору мақомотҳои давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар шароити ҳозираи ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва  эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба шуғл ҷалб кардани онҳо мебошад, ки  корҳои доир ба  ин самт иҷрошуда  бисёр мебошад.