ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бохтар: Созандагони ватан  

Дар МТМУ №2-и шаҳри Бохтар бо ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон якчанд нафар хонандагони муассиса, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гаштанд, ҷиҳати ҳавасмандгардонии насли наврас бо маблағҳои пулӣ ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ гардиданд.