ВОХӮРИВУ СУҲБАТҲО БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Созандагони ватан  

Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон - ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён барои дастрасии Интернети ройгон ҷиҳати такмили сатҳи дониш ва иҷрои корҳои маҷозӣ амалӣ гардидааст.

Имрӯз аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ёров Худойдод ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидов Илҳомиддин бо ҷавонони шаҳри Бохтар оиди дуруст ва мақсаднок истифода бурдан аз интернети ройгон суҳбату вохурӣ гузаронида шуд. Қайд гардид, ки чунин дастгириву ғамхориҳо маҳз баҳри ҷавононаз ҷумла донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.