Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Ҷ.Балхӣ:  Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо мақсади тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ки яке аз ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, сангбардорӣ,  бандкашӣ байни аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ноҳия баргузор гардид.

  Дар чорабини  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия Мусоев Хуршед ва мутахассисибахши омор Қурбонов Шарифхон  иштирок намуда, оид ба ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим сӯҳбат намуда, ҳозиринро бо  “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”  табрик намуданд ва дар охир  ғолибони мусобиқаро бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия қадрдонӣ намуданд.