МАКТАБИ МАН

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 28 майи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ҳамоиши хатмкунандагон зери унвони "Мактаби ман!" доир мегардад:

Ҳамоиши мазкур дар қисми зиёди муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир мегардад.

Боиси зикр аст, ки НАҚШАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ОИД БА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН байни ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН бо мақсадҳои зерин ба тавсиб расидааст:

  • баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омўзгор

  • ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот

Вазифаҳои асосӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ чунинанд:

  1. Баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

  2. Ташкил намудани вохўриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва бо ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ

Барои дастрас кардани матни пурраи Нақша ба ин тугма ► зер кунед.

МУҲИМ: Дар доираи ин Амалиёт ҳар се моҳ як маротиба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад. Вохӯрии мазкур тариқи даъвати хатмкунандагон тавассути дӯстон ва ҳамсинфон ташкил карда мешавад. Барои дарёфти маълумот бойгонии муассисаи таълимӣ ва шахсони наздику дӯстон истифода карда мешаванд.

Мавриди вохӯрӣ маҳфили шиносоӣ ва суҳбати дӯстона ташкил гардида, аз ҷониби директори муассиса ва яке аз устодон (роҳбари синф) вазъи ҷории мактаб ва ниёзҳои моддию техникии он тариқи тахтаи электронӣ муаррифӣ карда мешавад. Ҳамчунин, номгӯи таҷҳизот ва корҳои сохтмонӣ мушаххас бо нишон додани маблағи хароҷот манзури иштирокчиёни вохӯрӣ (хатмкунандагони мактаб) пешниҳод карда мешавад.

Дар интиҳо иштирокчиён ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан барои бартараф намудани ниёзҳои мактаб мувофиқи имконият ва шароит ҷалб карда мешаванд.

Вохӯриҳо аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва муассисаи таълимӣ дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии (шаҳрии) ҲХДТ ташкил карда мешаванд. Илова бар ин, мумкин аст, ки тақвими вохӯриҳо аз рӯи гурӯҳҳо ва солҳои хатмкунандагон таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Барои маълумоти бештар ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва ё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед.