ГУЛГАШТИ ҲИЗБӢ БО ИНТЕРНЕТИ РОЙГОН

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад, ки дар ростои татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) вобаста ба амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва ташаккули усулҳои хизматрасонии рақамӣ, рақамикунонии иқтисод ва рушди неруи инсонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар ин ҳамоиш Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки ҳадафи ташкил намудани Гулгашти ҳизбӣ барои ҷавонон бо дастрасии Интернети ройгон он аст, ки ҷавонон дар ростои омӯхтани касбу ихтисос ба чунин дастгириҳо ниёз доранд. Онҳо бояд дар ин давраи тиллоии ҳаёт аз чунин имконият пурманфиат истифода бурда, баробари омӯхтани илму дониш тавассути воситаҳои муосири иттилоърасон дар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ фаъол бошанд.

Фирӯза Шарифӣ - муовини раиси вилояти Хатлон дар баромадаш аз ҷумла гуфт, ки дар Рӯзи ҷавонон амалӣ шудани ин ташаббус аз ҷумлаи иқдомҳои шоиста маҳсуб меёбад ва аз ин имконият шумо ҷавонон бояд ба манфиат истифода намоед, донишу маърифати худро ғанӣ гардонед. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати онҳое, ки ғаразнок кор мебаранд, муносибати оштинопазир дошта бошед.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои амалӣ намудани ин ташаббус изҳори сипос намуд, ки он аслан ба хотири донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст. Ӯ гуфт, ки албатта ин иқдоми аввалину ниҳоӣ нест ва ояндаи наздик боз дигар ташаббусҳои ҷадид барои ҷавонон фароҳам хоҳад гашт, дар ин ҷода аз ҷавонон фақат истифодаи самараноку бамаврид тақозо карда мешавад.

Ғазалшоҳ Савразода - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар суханронияш иқдоми мазкурро баманфиат дониста, дар ин баробар аз ташаббусҳои навини Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят таҳти унвони “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” роҳандозӣ мешаванд, ёдовар шуда, изҳори сипос намуд.

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “...Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад”. Дар воқеъ дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва муқовимати устувор дар набардҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамқадамӣ ба ҷомеаи муосир ва пешравиҳои илму техника танҳо бо таҳия ва амалисозии ғояҳои нави замонавӣ ва ташаббусҳои созанда метавон сабқат намуд ва пеш рафт.

Мақсуд Арабов, сокини шаҳри Бохтар иқдоми КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои дастрасии сокинон ба алоқаи Интернети ройгон шоёни таҳсин мешуморад. Ба гуфтаи ӯ пайравии дигар идораву ташкилотҳо баҳри фароҳам намудани ингуна шароит барои сокинони шаҳр аз амалҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, ба ташаккули зеҳниву рушду пешрафти ҷавонон мусоидат менамояд.

– Ман аз ноҳияи Данғара мебошам ва барои меҳмонӣ ба шаҳри Бохтар омадаам. Муддати ним соат мешавад, ки дар ин курсиҳо нишаста, аз хизматарсонии ройгони интернетӣ истифода дорам. Ба масъулони ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори сипос менамоям. Хуб мешуд, ки чунин хизматарсониҳои ройгону мусоид дар ҳудуди терминалу бозорҳо ва боғҳои фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ роҳандозӣ мегардиданд, – иброз медорад Шарофиддин Қурбонов.

Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон нахустин нуқтае мебошад, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар шафати бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон (ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ 47) ташкил ёфтааст. Гулгашт аз Интернети ройгон (дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «TojNet»), майдони сабсазору гулзор ва 5 адад нишастгоҳи замонавӣ иборат мебошад.

Мақсади ташаббуси мазкур, ин фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён барои дастрасии Интернети ройгон ҷиҳати такмили сатҳи дониш ва иҷрои корҳои маҷозӣ, ҳамчунин ба сокинони шаҳри Бохтар ҷиҳати истироҳати бофароғат ва пурмаҳсул дар муҳити орому осоишта мебошад.

Дар ҳудуди шаҳри Бохтар, ки муассисаҳои таҳсилоти касбӣ зиёданд, хоҳ нохоҳ зарурати дастрасӣ ба Интернет ва иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ аз ҳисоби манбаъҳои маҷозӣ хеле зиёд пеш меоянд. Зимнан, аксари донишҷӯён барои дастрасӣ ба ингуна шароитҳои интернетӣ, албатта, ниёз доранд ва ин имконият метавонад то андозае ин ниёзмандии ҷавононро баҳри пешрафти таълимӣ бартараф намояд.

Итминон дорем, ки дар пайравӣ ба ин ташаббуси ҳизбӣ дар хиёбонҳои шаҳи Бохтар ва дигар шаҳрҷойҳои вилояти Хатлон чунин шароитҳои муосир-гулгаштҳо бо дастрасии Интернети ройгон зиёд мегарданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти

КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон