Хонишҳои «Сиёси» байни ҷавонон.

Панҷ: Созандагони ватан  

Панҷ: Санаи 23.05.2022 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» - и ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо иштироки хонандагони синфҳои болои вохурӣ баргузор гардид.

Зимни вохурии баргузорнамуда, муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба масъалаҳои элон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат, оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва шомилшавии ҷавонон баҳизбу ҳаракатҳои терроризм ва экстремизм, инчунин дар бораи масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мавриди омӯзишу баррасӣ гардид. Иброз шуд, ки  хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ, ҷасорат  шуҷоатмандӣ ба ҳисоб меравад ва қарзи ҳар як ҷавонмард он аст, ки дар назди Ватан –Модар қарзи фарзандиашро бо сари баланд адо намояд.