Санаи 20-уми майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки Ҳусейнзода Наврӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Х. Раҷабзода муовини ректор оид ба тарбия, муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Хатлон, Меҳроҷ Ғуломов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидов Илҳом мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудавар дар мавзӯи “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” доир гардид.
Иштирокчиён зимни баромади худ оиди ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва баналмиллалӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барои татбиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор донишҷӯёну омӯзгорони фаъоли донишгоҳ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, як қатор кормандони ҳизбӣ ва фаъолони донишгоҳ низ бо Сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.