ВОХӮРИИ СУДМАНД

Восеъ:  

Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20- и деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ  бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқони ва фаъолони ҷамоат вохӯрӣ оиди мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “ҳифзи пиряхҳо”, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон Раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед оиди дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон ҷиҳати бе талаф ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2023 ва гузаронидани ҳашари умумӣ дар рузҳои шанбе ва якшанбе ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас доданд.