Ватанам - Тоҷикистон

Панҷ: Андеша  

Пос доштани муқаддасоти миллӣ
барои ҳар як фарди бофарҳангу
ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст.
                                        Эмомалӣ Раҳмон

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

         Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.

 Мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона  Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модарӣ аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғуш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дуст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Каҳрамониҳои  Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи точик Лоиқ Шералй ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:

Ватан cap мешавад аз гахвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
     Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандустӣ 6а дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

          Baтан ифтихор. шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеч ганҷе наметавон иваз намуд.
          Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулити ҳар як сокини он вобаста acт.  Aгар Ватан орому осуда буда, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

           Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кудаки зоҳир шуда, минбаъд ташакул мсёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку хас қaтpaи оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он  наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кушиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.
            Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад.

Ватан барои мо хамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад.

Вале вазифаи мо танхо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар хамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, Ватани соҳибистиклоли мо низ ба шумори давлатҳои тараккикарда ва мутамаддин ворид хохад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

Тоҷикистон - модари ман. Гузаштаи ту гузаштаи ман аст. Ояндаи ту – ояндаи ман аст.

Ҳошимов Тоҳир – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ