ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

Ҳамадонӣ: Андеша  

Варзиш як намуди фаъолияти ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ буда, барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ, пешравӣ барои беҳбудӣ ва машҳурият ба даст овардан хизмат мекунад. Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар 50-52 фоиз саломатӣ аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоизи он  аз ҳифзи саломатӣ во  баста аст.Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан дар давраи мактабӣ машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он на танҳо аз таъсири бевосита ба ҷисми машқкунандагон (ширкаткунандагон, инкишофи муътадили ҷисмонӣ, барқарории шакл ва функсияи ҷисм, обутобёбӣ) иборат аст, балки дар тарбияи саломатӣ, барои ташаккули қобилияти мустақилонаи машғулияти машқҳои ҷисмонӣ, истифодабарии онҳо ба мақсади тафреҳ, истироҳат ва худтакмилдиҳӣ низ пураҳамият мебошад. Бо дарназардошти фикрҳои мазкур тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули одатҳои тарзи ҳаёти солим дар байни кӯдакон ва наврасон аҳамияти махсусан муҳимро касб менамояд.Варзишгарон давлати худро ба ҷаҳониён муааррифӣ менамоянд, онҳо парчамбардори миллатанд. Бисёр давлатҳоро бо варзишгаронаш мешиносанд. Ба таври мисол, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозиҳои ҷаҳонӣ шўҳрати кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ афзуданд. Халқи тоҷик бо онҳо ифтихор доранд.Номи варзишгарон вирди забони хурду калон мебошад. Аз ин рў, моро лозим меояд, ки баҳри тансиҳативу солимӣ ҳамеша ба варзиш машғул бошем ва бигзор номи варзишгарони мо вирди забони олмиён гардад.Таърихи варзиш дар Тоҷикистони Шӯравӣ аз апрели соли 1925 бо таъсиси клуби ҳарбии варзишӣ дар назди Гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфтааст.Аввалин майдони варзишӣ дар Тоҷикистон варзишгоҳи “Спартак” аст, ки  соли 1930 сохта шуд ва  баъдан соли 1939 варзишгоҳи ”Динамо” бунёд  ёфт.  Соли 1946 қисми ғарбии варзишгоҳи  ба номи Фрунзе барои 5-ҳазор тамошобин бунёд гардид ва соли 1962 варзишгоҳ иурра сохта ба истифода дода шуд, ки  21 ҳазору 400 ҷойи нишаст дошт. Федератсияи  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши  Тоҷикистон   соли 1962 таъсис ёфт. Раиси аввалини он шоири номдори тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ ва муовинаш низ нависанда Михаил Левин буданд.             Дар робита ба ин, пайдо намудани маълумот оиди фоидаи ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шудан аз манфиат холӣ набуда, барои ҷалби бештари одамон ба ин омили тандурустӣ бисёр муҳим мебошад.
Мувофиқи тадқиқоти олимони соҳаи тандурустӣ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаёту саломатии инсон чунин мафиатҳои зарурӣ мерасонад:
1. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш масунияти баданро баланд мебардорад. Ба таври доимӣ ба варзиши бадан машғул шудан, бактерияҳоро ба воситаи роҳҳои нафаскашӣ берун месозад ва инчунин баданро аз ангезаҳои бегона ҳифз намуда, бо бемориҳо мубориза мебарад.
2. Фаъолияти ҷисмонӣ ба баланд шудани сатҳи дарозумрии одамон мусоидат мекунад. Дар як ҳафта 7 соат машғул шудан бо варзиш 40% хатари марги бармаҳалро пешгирӣ менамояд.
3. Фаъолияти ҷисмонӣ барои паст намудани хавфи баъзе аз намудҳои бемории саратон мусоидат мекунад. Аз рӯи нишондоди ҷамъияти онкологии амрикоӣ аз се як ҳиссаи ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории саратон ба истифодаи нодурусти ғизо ва набудани фаъолияти ҷисмонӣ вобастагӣ дорад.
4. Тамринҳои доимӣ хавфи пайдо гаштани аломатҳои эҳсосиро паст мегардонад ва дар муқовимат бар зидди изтироб ҳангоми кор кӯмак мерасонад.
5. Машқварзӣ баҳодиҳӣ ва ҳисси бовариро ба худ ривоҷ медиҳад.
6. Машқҳои ҷисмонӣ нерумандиро афзуда, меъёри эндорифинро баланд мебардорад, ки дар натиҷа болоравии хушҳолии дурудароз ва устувор падид меояд.
7. Пайваста бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан, барои мубориза бо тарсу изтироб манфиатнок аст.
8. Тамринҳо барои беҳтар намудани кори системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин исбот шудааст, ки шуғл варзидан ба машқҳои ҷисмонии сабук барои кори дил аз манфиат холӣ нест.
9. Гарчанде, ки ақидаҳо дар бораи фоидаи машқҳои ҷисмонӣ барои баланд бардоштани метаболизм (мубодилаи моддаҳо) мавҷуд аст, он инчунин барои паст намудани колория (ғизонокӣ) мусоидат менамояд.
10. Тамрини шакли вазнин ба ҳолати устухонҳо ва мушакҳо таъсири мусбат мерасонад.
11. Тадқиқот исбот кардааст, ки варзиш метавонад, шамолхӯрии роҳҳои нафаскаширо барои одамони дорои бемории диққи нафас паст намояд.
12. Варзиш тақрибан ду маротиба зиёдтар гардиши хунро дар бадан таъмин менамояд.
13. Пайваста ба варзиш машғул будан, аломатҳои тарсу воҳимаро бартараф мекунад.
14. Фаъолияти ҷисмонӣ қобилияти рафъ намудани диабети қанди дараҷаи дуюмро дорост.
15. Тамринҳои варзишӣ барои баланд бардоштани холестирини мусбат ва паст гардонидани холестирини манфӣ нақши муҳим мебозад.
16. Аэробика хотираро мустаҳкам менамояд. Аз ин рӯ он барои калонсолон манфиатовар аст.
17. Варзиш барои бароҳат хоб рафтан, кӯмак мекунад.

       Рамзияи Ҳисайндухт-корманди КИ ҲХДТ дар н. Ҳамадонӣ