Варзиш – гарави саломатии миллат

Восеъ: Андеша  

Варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Машғул шудан ба варзиш инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад. Варзиш як бахши муҳаррики ҳаёти инсонҳост. Аз диди илмӣ варзиш яке аз рукнҳои тарбияи ҷисмонии ҷамъият мебошад, ки таърихаш дар шакли фаъолияти мусобиқавӣ ва таҷрибаи махсуси тайёрии инсон барои мусобиқаҳо ба миён омадааст. Аз ин хотир, тарбияи ҷисмонӣ як навъи санъат буда, ҷараёни махсус ва натиҷаи фаъолияти инсонҳо, восита ва тарзи мукаммалгардонӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ мебошад. Имрӯз тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро метавон ба талаботи китоб хондану дониш андӯхтан баробар кард. Одам бе китоб наметавонад дунёи маънавии хешро инкишофу такмил диҳад, бе тарбияи ҷисмонӣ бошад, саломатӣ ва қаду қомату зеборо. Умуман, дар масъалаи аҳамияти варзиш баҳсҳои илмию амалии доманадоре мавҷуданд, аммо он чиз мусаллам аст, ки қуввату дониш бузургтарин ҷавҳари одамизоданд. Шахсе, ки аз ин ду неъмати илоҳӣ бархӯрдор аст, шахси ташаккулёфта, яъне инсони комил аст.

Боиси хурсандист, ки миллати тоҷик ҳамеша ба варзиш чун ба як воситаи обутоб додани бадан муносибат менамуд ва варзишро яке аз омилҳои беҳтарин дар роҳи камолоти ақлониву фалсафии худ медонист. Ба ибораи дигар, халқи тоҷик аз азал хиради бузурги варзишгаронаро доро буда, табиатан дӯстдори варзиш аст. Имрӯзҳо мардуми тоҷик махсусан ҷавонон аҳамияти варзишро хуб дарк намудаанд ва пайваста хурду бузурги кишвар бо намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд. Шавқу рағбат нисбат ба варзиш ҷавонони кишварро водор намуд, ки дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизро миёни давлатҳо парафшон намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш-гарави саломатист. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки бо варзиш машғул шуда, саломатии худро ҳифз намоем. Чунки шахси солим оилаи солим аст, оилаи солим ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад ва ҷомеаи солим Тоҷикистони дурахшону гулулшукуфон маҳсуб меёбад.

Олимов Раҳмоналӣ-мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ