Ҷавононро ояндаи миллат мегӯянд ва мо ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд нисбати тақдири ояндаи ҳамсолонамон бетараф бошем. Моро зарур аст ҳамвора дар пайи ислоҳи ҳамдигар бошем ва нагузорем, ки аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстреместию террористӣ ва ифротӣ моро ба муқобили худамон истифода барад, бародарамонро ба мо бегона намояд ва моро ба Ватан-Модар душман созад. Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гурӯҳҳои экстреместию террористӣ ва хатарҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додааст ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудааст.
Имрӯзҳо оид ба пешгирии аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстреместию террористӣ ва ифротӣ, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор маълумотнома, мақолаву брошюраҳо ва варақаҳои таблиғотӣ, байни сокинони кишвар дастрас гардонида истодааст то, ки шаҳрвандон алалхусус ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳои экстреместию террористӣ ва ифротӣ маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанду ба доми фиреби онҳо наафтанд. Аз ин лиҳоз мо сокинони Тоҷикистони азизро мебояд, ки ҳушёру зирак бошему шукронаи ватани тинҷу ором кунем ва барои пешрафташ саҳмгузор бошем.
Юсуфзода С. Аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”