Дар Ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон санаи 27-июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо шукргузорӣ аз ин тинҷию оромӣ ва фазои сулҳу субот имрӯз занон кӯшиш мекунанд, ки дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишварамон саҳми беандозаи худро гузоранд. Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 26 сол пур шуд. Ваҳдат пойдевори ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неку кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардумро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд. Бо шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем, дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар пешравиҳо ба даст оварда, қадамҳои устувор гузорем. Барои ҳифзу ҳимояи ин Ватани азиз бояд тамоми ҷомеа саҳм дошта бошад. Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамоянд, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди кишвари мо то чи андоза азизу муқаддас мебошад. Аз баракати дастгирии самимонаи халқи ба ҳам дӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта заминаҳои мусоид фароҳам оварем. Қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди поквиҷдон, ки ояндаи дурахшон ва шукуфоии Ватанро мехоҳад, эҳтиёт ва ҳифзи сулҳу амният ва ваҳдати миллие, ки дар кишвари мо ба даст омадааст, сарвати бебаҳо, бузургтарин дастоварди халқи тоҷик буда, бояд ба қадру қимати он, ба қадри заҳматҳои халқи тоҷик, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳ бирасем.
Маркази таҳлилию иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар