РӮЗИ ЁДОВАРӢ, ТОЗАКУНИИ ОРОМГОҲҲО

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

30 АПРЕЛ ҲАМА БА ТОЗАКУНИИ ОРОМГОҲҲО!

Охири ҳафтаи ҷорӣ дар доираи Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" тозакунии қабристонҳо эълон мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки дар доираи Амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" ҳар рӯзи якшанбеи охири моҳ дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳашари муштараки тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳо доир мегардад. Ҳар касе мехоҳад кори хайре намояд, пас, марҳамат ба "Рӯзи ёдоварӣ"; метавонед саҳми худро бевосита, бо иштироки худ ва ё ба воситаи шахсони боэътимод дар шакли дастгирии моддию молиявӣ гузоред.