Аввалин "Соати сиёсӣ"

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 30 апрел дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон якумин "Соати сиёсӣ" дар мавзуъҳои 1) тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ, 2) вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар - Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, ҳамчунин, мавҷудияти низоъ бо Қирғизистон, 3) фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ доир мегардад.

Соати сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир мегардад.

Ба ҳайси маърӯзачӣ дар Соати сиёсӣ шахсони соҳибтаҷриба, олимону коршиносони маъруф даъват карда мешаванд.

Барои маълумоти бештар ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва ё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед.