ТАҲАММУЛПАЗИРӢ РОҲЕ БА ҲАМДИЛӢ

Фархор: Андеша  

АНДЕША: Ҳар фарди миллат шоҳиди заҳматҳои пайваста ва азхудгузаштагиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фароҳам омадани низоми сиёсии устувори давлатдории миллӣ, зиндагии осоиштаи сокинон, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти пойдор мебошад.Воқеиятҳои таърихии наздик ба се даҳсолаи охири миллат, ки аз устувории низоми сиёсии давлатдорӣ, эҳё гардидани арзишҳои миллӣ, фарҳагиву маънавӣ, ҳамзистии иҷтимоӣ ва осоиштагии ҳаёти сокинон дар саросари кишвар бозгӯӣ месозад, бевосита аз фаъолияти пурмаҳсулу мавқеи устувори Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро ва инсонпарвар шаҳодат медиҳад.Бархе корбарон дар олами маҷозии интернет ҳарчӣ дар зеҳнашон ояд, менависанду мегӯянд, на падару модар ба ёдашон мерасаду на миллату ватан. Аз ин рӯ, ташаккул додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни мардум, хусусан ҷавонон, ки осебпазиртарин қишри ҷомеа ва серистифодабартарин нафарон аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ба шумор мераванд, ногузир мебошад.Таҳаммулпазириро чун сифати шахсӣ ё хислати характери шахс, ки дар давоми ҳаёт шакл мегирад, бо роҳи таълими иҷтимоӣ, тамринҳои иҷтимоиву психологӣ ташаккул додан мумкин аст, зеро омилҳои асосии ташаккули он муҳити иҷтимоиву шароити мувофиқи рушд ва тарбияи дуруст мебошад.Таҳаммулпазирӣ муқобилмаънои экстремизм ва ҳама гуна фитнаву фитнаандозӣ буда, мақсад аз омӯзиши он эмин нигоҳ доштани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз бетартибиҳои иҷтимоӣ, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳифзи устувори ҳамзистии осоиштаи сокинон, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад. Бешак, миллати тоҷик алорағми ҳама бархӯрдҳову нишебу фарозҳои таърих, маҳз бо таҳаммулпазириву таҳаммулгароӣ тавониста, ки ҳастӣ ва арзишҳои миллии худро то имрӯз ҳифз намояд ва яке аз миллатҳои созандаву сулҳофар дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Ҳамин тариқ мехоҳам гӯям, ки сокинони сарбалонди Бадахшон таҳаммупазирии хешро аз даст надиҳед ва аз ҳар гуна гурӯҳҳои осебпазир пуштибонӣ накунед.

 

 

Тураев Рустам – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор