БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВАР ДАР ҶАМОАТИ Қ. ҒИЁСОВ

А.Ҷомӣ:  
Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оила бо иштироки раиси Комиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия – Назокат Қосимова ва мудири бахши занони МИҲД-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Икромова Сайрам дар ташкилоти ибтидоии «Қ. Ғиёсов» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи васеи занону бонувони фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони маҳалаҳо мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ” доир гардид.
Нахуст, Камолов Зикрулло раиси Ташкилоти ибтидоии «Қ. Ғиёсов» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, иштироки бонувон дар корҳои давлатдорӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа хеле назаррас арзёбӣ мегардад.
Сипас, Назокат Қосимова раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” баромад намуда, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият эътироф намуда, давлатҳои ҳуқуқбунёд ин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро бечунучаро риоя менамоянд.
Зикр гардид, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо ҳар шаҳрванд ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Дар муносибатҳои оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқ буда, тибқи қонунгузорӣ бисёрникоҳӣ манъ аст.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлоти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёбӣ менамоянд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
Ҳамчунин, Назокат Қосимова зимни суханронӣ қайд кард, ки ҷиҳати пешгирӣ аз зӯроварӣ, хушунат Кумитаи иҷроияи дар ноҳия силсила чорабиниҳои зиёди фаҳмондадиҳиро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мунтазам гузаронида истодааст.
Зимни суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон омилҳои сар задани баҳсу нофаҳмиҳои хонаводагӣ, роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ, хушунат дар оила баррасӣ гардида, ба хусус, ба бонувони ҷавон ва модарону сарварони хонаводаҳо тавсияҳои муфид дода мешавад.
Дар идома инчунин дигар иштирокчиён атрофи масоили гуногуни оиладорӣ ва пешгирӣ аз зӯроварӣ оилаҳои ҷавон мулоҳизаронӣ карда, оид роҳҳои ҷоннок бахшидани нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз падидаҳои номатулб аз ҷумла, зӯроварӣ дар оила фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Суҳбати озод бо сокинони ҷамоати Яккатут бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.
Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар бо сокинон:
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ