ҶАВОНОН СИМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

Ховалинг:  

Яке аз самтҳоиасосӣ ва афзалиятноки шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия якум,дар вуҷуди ҷавонон бедор намудан ва дучанд намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварӣ. Дуюм, ҳидоят намудан барои эмин буданашон аз таҳдидҳои замони муосир.Сеюм, иҷро намудани рисолат ва уҳдадориҳои шаҳрвандиашон,ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.Кумитаи кор бо ҷавонон дар давоми соли равон дар сатҳи ноҳия силсилаи чорабиниҳоро вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон доир кард.Ба ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 9-11 ва онҳое,ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ҷалб карда мешаванд.

Ҳамчунин, барои зиёд намудани шумораи ҷавонон ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби кумита дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонони синфҳои болоӣ доир карда шуданд.Дар онҳо аз хусуси имкониятҳои фароҳамовардаи Давлат ва Ҳукумати кишвар вобаста ба анҷом додани уҳдадории шаҳрвандии ҷавонон маълумот дода шуд.

Аёдати наваскарон аз ҷониби падару модароназ тарафи шуъба низ ба роҳ монда шудааст.

Шуба кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ низ пайваста баҳри дур намудани ташвишҳои падару модарон мулоқотҳо ташкил карда мешаванд. Дар ҳошияи мулоқотҳо омода намудани хӯрокҳои миллӣ бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби волонтёрони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ даъвати падарону модарон аз як минтақа ба минтақаи дигар вобаста ба ҷойи хизматашон ташкил карда мешавад.Ин таҷрибаи чандинсола аст,ки боиси хотирҷамъии падару-модарон мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва ин Истиқлолияти давлатӣ ва умуман сулҳ, субот, ваҳдати миллӣ, муттаҳидиву сарҷамъии миллат ба осонӣ ба ба даст наомадааст.

Идомадиҳандаи ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзкунандаи муқаддасоти давлатӣ,пойдор нигоҳдорандаи истиқлолияти Ватан ҷавонон ҳастанд.Ояндаи миллат, симои миллат ва идомадиҳандаи сиёсати давлат низ ҷавонон мебошанд.

Набиев Шарифҷон - мудири шубаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.