Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МТМУ №2

Вахш:  

Санаи 31-уми майи соли равон дар  МТМУ №2-и ноҳияи  Вахш чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ғуломова Рузигул, маъмурияти муассиса, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд. Нахуст бо сухани табрикотӣ Ғуломова Р баромад намуда, хонандагонро ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуд.

Сипас, директори МТМУ №2- Мирзоева А доир ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ба сухан баромада, кӯлли толибилмони муассисаро ба ин рӯз табрику таҳният намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ  хонандагони фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.