Иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби вакили ноҳиявӣ қадрдонӣ гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи сазоворӣ Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ баргузор гардида  истодаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳия вохӯрӣ бо иштироки муовини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ баргузор гардид. Зимни суханронии хеш МИрзоев Сафаралӣ иброз дошт, ки илму дониш касро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад. Бинобар ин сабаб ба ҳамаи насли наврас зарур аст, ки илмҳои замони хешро омӯзанд ва номбардори падару модар, ва Ватани азизамон гардаднд. Дар идома роҳбарияти мактаби мазкур ба сухан баромада фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад ва Ҳукумати мо имрӯз ҳамаи шароитҳоро баҳри омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар муҳайё намудааст. Дар охир аз ҳисоби аъзои ҲХДТ, вакили ноҳиявӣ аз ҳавзаи интихоботии №13 ба 8 нафар хонандагони фаъол кӯмаки пулӣ ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Бояд зикр намуд, ки хонандагони иштирокчии озмунҳо ва рафтори намунавӣ дошта, қадрдонӣ гардиданд.