1-ИЮН –РӮЗИ КӮДАКОН

Ховалинг: Андеша  

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ нисбати имрӯзу ояндаи ҳаёти халқи кишвар мебошад.

Бинобар ҳамин ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар онҳо бедор намудани рӯҳияи нек, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ вазифаи ҷонии падару модарон ва омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ба тарбияи дурусти кӯдакон ва наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, ҳуқуқҳои онҳо қатъӣ риоя карда мешаванд. Дар боби 2 – и моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”. Мусаллам аст, ки ягон кӯдак аз модар боодобу беодоб ба дунё намеояд. Минбаъд кию чӣ шудани онҳо ба тарбияи фарзанд дар оила, мактаб ва муҳити зисте, ки ӯро иҳота намудааст, вобастагӣ дорад. Оилаи солим фарзанди солимро ба воя мерасонад ва баракс дар оилаи носолим фарзанди солим ҳеҷ гоҳ ба камол намерасад. Беҳуда нест, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расонида шудааст. Қонуни мазкур ба падару модароне, ки нисбати фарзандони худ беаҳамияти зоҳир менамоянд, барои онҳо шароити хуби таълим ва тарбия фароҳам намеоваранд, ҷазо муайян кардааст. Баргузории Рӯзи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуҳои онҳо ҳар сол рӯзи якуми июн ҳам дар кишварамон ба он хотир аст, ки мо калонсолон нисбати ҳаёти онҳо бепарво набошем, ба таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ зоҳир намоем, ба поймол гардидани ҳуқуқҳои онҳо роҳ надиҳем. Падару модарон ва омӯзгорон вазифадоранд, ки дар вақти фориғ аз кор ва соатҳои ба ин мақсад ҷудокардашуда кӯдаконро ба табиат ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ба сайёҳат баранд. Тамошои мавзеъҳои зебои кишвар, ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд ва дар онҳо ҳисси ҳифзу нигаҳдории боигариҳои табиӣ, табиати сабз пайдо гардида, дар бораи гузаштаи пурғановати халқамон ба қадре ҳам бошад маълумот пайдо мекунанд. Ҳамаи ин диданҳо, ки бояд бо фаъолияти падару модар ва омӯзгорон сурат гирад, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ тарбия ёфтани кӯдакон мусоидат мекунад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи кӯдак чунин сайёҳат ба яке аз мавзеъзои хушобу ҳаво ва таърихии диёри Ховалинг –зодгоҳии Қаҳрамони халқи тоҷик- - Восеъ аз тарфи омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Зарафшон Сафолова ва Нигина Асророва ташкилу гузаронида шуд. Дар ин рӯз дӯстрӯякон ба табиати фусункор, нотакрор ва хеле зебою дилкаши Дараи Мухтор аз наздик шинос шуда, ба худ як ҳиссиёти фаромӯшнашавандаеро пайдо намуданд. Дида мешуд, ки кӯдакон аз дидани гулу раҳён, сабзаю себарга, дарахтони пурбор, хониши парандагон чӣ гуна ҳаловат мебаранд. Чунин ба назар мерасид, ки кӯдакон чӣ қадар табиати диёрро, ки бо сарсабзию хуррамӣ ҳамто надорад, дӯст медоранд ва аз тамошои он дил канда наметавонанд. Дар ин рӯз тамошои таҳҷои боқимондаи хонаи Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ, ҷувозхона ва кундаи ҷувози ӯ, осорхонаи замонави Қаҳрамони халқ ба кӯдакон таассуроти фаромӯшнашаванда бахшид. Дар ҷамъбасти сайёҳат кӯдакон акси хотиравӣ гирифтанд, ки бешак, он баъди гузашти солҳо хотироти кӯдакӣ ва сайёҳат ба зодгоҳи Восеъ - Дараи Мухторро ба ёдашон меорад. Агар дигар омӯзгорон ҳам дар чунин фасли зебои сол сайёҳати кӯдаконро ба мавзеъҳои таббиӣ, таърихӣ ва фарҳангии ноҳия:Дараи Мухтор, Мамнӯъгоҳи Ҳазрати Султон, Чилчанори Ховалинг, Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳия, Осорхонаи шоир Ҳабибулло Файзулло, Осорхонаи ҳофиз, олим Ҷӯрабек Назрӣ, Сангтудаҳо, гулҳавзҳова дигарҳо ташкил менамуданд, дар тарбияи зебопарастӣ, ватандорию ватандӯстӣ, ҳифзу нигаҳдории табиати диёр саҳми арзанда мегузоштанд.

Ардашер Исломов - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯзнома