ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ховалинг:  

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик дастоварди нодиртарин ва пурарзиштарин ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки ин дастовард барои миллати тоҷик осон ба даст наомад. Агар ба гузаштаи на чандон дури халқамон назар андозем, мебинем, ки то ба даст овардани сулҳу ваҳдат миллати азияткашидаи тоҷик чӣ рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронид. Дар як вақти кӯтоҳ бо ҳам омадани тоҷикон тамоми ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст. Поягузори ҳамаи ин дастовардҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Иҷлосияи тақдирсози 16 –и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шуданд. Сардори тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик сулҳ овард, дар вазъияти душвортарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ беш аз як миллион тоҷикони фирориро ба Ватан баргардонид ва Тоҷикистонро аз парокандашавӣ наҷот дод. Ин дар дар ҳаёти халқи тоҷик корномаи таърихиест, ки ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи таърихи миллат зудуда намегардад. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 баъд аз кӯшишу талошҳои чаҳорсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, барои дигар давлатҳо ва умуман ҷаҳониён сулҳофарии тоҷикон таҷрибаи нави таърихӣ дар олами сиёсат қаламдод шуд. Ақлу хиради азалии миллати тоҷик ба он мусоидат намуд, ки мардум ба рӯзи шодию нишот ноил гарданд. Миллат бо ҳам омаду моҳе пас ба иродаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чун як созмони ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ки он дар таҳкими ваҳдат, ягонагӣ, иттиҳоду иттифоқ корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилотҳои поёнии худро дорад, ки онҳо дар бобати ваҳдату ягонагии мардум фаъолияти пурсамар доранд. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳаракат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар яке аз ҷамъомадҳои он бо як боварӣ ва эътимод иброз доштанд:” Ба ин ҳаракат метавонанд созмонҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳову ҳаракатҳо, ташкилотҳои эҷодӣ, илмиву динӣ, сиёсиву мазҳабӣ, милливу иҷтимоӣ, ки ҳадафи асосии фаъолияташон таҳкими ваҳдати миллӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад, шомил шаванду ҳамдастона пешравии иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро равнақ бахшанд. Мо як вазифа дорем, ки он иборат аз таҳкими сулҳи Тоҷикистону ягонагии халқи тоҷик мебошад, ки шабу рӯз дар талоши онем”. Мо аз он ифтихор дорем, ки Пешвои миллат ба пешрафту тараққиёти мамлакат назари нек дорад ва он зина ба зина амалӣ мегардад. Ҳамаи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ба сулҳу ваҳдати пойдор, ки онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи кишвар овард, марбут аст.

Фирдавс Сатторов - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳтияи Ховалинг