ШӮРОИ ДУХТАРОН БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОДОБУ МАЪРИФАТИ НАВРАСОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Восеъ:  

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ  Шӯрои духтарон ташкил карда шудааст, ки ҳар моҳе як маротиба доир карда мешавад. Дар шӯрои мазкур масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, одобу маърифати ҷавондухтарон, муносибат ва рафтору гуфтори онҳо, фаъолноки дар дарсҳои мактабӣ, ҷалби пурра ба таҳсил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.Дар МТМУ №50-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ низ Шӯрои духтарон гузаронида шуд. Дар рафти Шӯро бахсус дар бораи пешгирии насли наврас аз худкушӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ истодагарӣ намуданд.