ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОН ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНМАРДИСТ

Ховалинг:  

Кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия рӯзи 31  майи  соли 2023  дар давраи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4   дар мавзуи ватандӯстию хизмат ба Ватан суҳбат доир намуданд.

Дар суҳбат аз ватандорию ватандӯстӣ,  ҳаёт ва корномаҳои родмардони Ватан  чун Темурмалики қаҳрамон, Шераки далер, Спитамен, Восеъ, панди бузургони адаб ва пирони рӯзгордида мисолҳо оварда шуд.  Дар суҳбат омад, ки  ба Тоҷикистон чун дигар кишварҳои олам  хавфу хатари терроризму экстремизм  таҳдид менамояд.

Дар ин ҳолат Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигар ҳифзу нигаҳдорӣ наменамояд. Бинобар ҳамин мо бояд ҳамеша омодаи ҳифзу нигаҳдории марзу буми Ватани хеш бошем

Ба ҷавонон муроҷиат намуда, гуфтанд, ки барои хизмат намудан дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоло омодагӣ бигиранд. Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавонмард шаъну шараф ва ифтихор аз Ватану ватандорист.

Сарпечӣ намудан аз ин вазифаи муқаддас бошад, нишонаи ноогоҳӣ аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, корномаҳои  халқ аст. Бинобар ҳамин дар суҳбат таъкид гардид, ки ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки гузаштаи пурғановати халқамонро биомӯзад, аз он баҳра бигирад. Дар натиҷа чунин ашхос худогоҳу худшинос мегардад, ватанашро дӯст медорад ва ҳифзу нигаҳдории марзу буми онро барои худ вазифаи муқаддас медонад ва ҳеҷ гоҳ аз хизмат ба Ватан – Модар сарпечӣ намекунад.