ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Созандагони ватан  

Имрӯз 30-юми майи соли ҷори бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “НИГИНА” чорабинии идона бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилии кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Қурбонова Судоба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “НИГИНА”-и шаҳри Левакант Самадова Парвина мураббиён ва тарбиятгирандагони муассиса  баргузор гардид.

      Дар ин рӯз мурабияҳо ва тарбиятгирандагони муассиса барномаи рангини омодакардаи идонаро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон”, ки аз суруду тарона, рақс, машғулиятҳои гуногун, саҳнаҳо аз рӯи афсонаҳои халқи тоҷикро манзури бинандагон гардониданд.

      Боиси зикр аст, ки ҳамасола 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ миёни кӯдакону наврасон дар сатҳи хеле хуб гузаронида мешавад

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби  раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ба кудакон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.