ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ҲИЗБУ РАВИЯҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ МУҲОКИМА КАРДА ШУД

Ховалинг:  

Рӯзи 28 марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо бо иштироки раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло, сардори КДАМ дар ноҳия Эрзолов Ҷурабек , раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷаъомад доир карда шуд, ки дар он дар бораи роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба равия ва ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба сухан баромада иброз дошт, ки бадхоҳони миллат, аз ҷумла саркардагони Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар паноҳ мебаранд, ҳамарӯза аз сомонаҳои таъсисдодаашон бар зидди давлату Ҳукумат бо суханони гӯшхарош ғаразгӯӣ мекунанд. Онҳо дар баромадҳои иғвоангез худро чунин вонамуд менамоянд, ки аз онҳо дида ҳомӣ ва пуштибон, ғамхору ғамгусори миллат вуҷуд надошта бошад. Ҳама кӯшишҳои онҳо ба он равона аст, ки дар мамлакат нооромиро ба вуҷуд биоранд. Онҳо рӯирост барангехтани ҷангро таблиғ мекунанд. Албатта чун солҳои навадуми асри гузашта мехоҳанд, ки бародар бар зидди бародар яроқ кашад. Онҳо таблиғи ҷангро бар зидди онҳое мебаранд, ки сулҳу оромии кишварро аз ҳама боло медонанд ва нисбати ҳизбу ҳаракатҳое, ки мехоҳанд ҳаёти онҳоро халалдор сохта, ба сари мардум боз мусибати гӯшношуниди навро биоранд, нафрати бепоён доранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз он роҳе , ки интихоб намудаанд, терроризму экстремизм ва аз он мақсадҳои ғаразонае, ки дар дил доранд, барнамегарданд. Онҳо пешрафти кишвар, ободкориҳо, сол то сол беҳтару хубтар шудани шароити зиндагии мардуми азияткашидаи тоҷикро чашми дидан надоранд.Таваҷҷуҳи онҳо бештар ба ҷавонон ва алалхусус ҷавонони ноогоҳ ва аз гузаштаи худ бехабар равона карда шудааст.

Дар охир сардори КДАМ дар ноҳия Эрзолов Ҷурабек ба сухан баромада иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи мову шумо аз он иборатаст, ки пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба чунин равияҳои тундгаро бигирем. Ин дар ҳоолате ба мо даст медиҳад, ки алоқаи якдигарро мустаҳкам намоем. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста ба роҳ монем. Дар ин сурат, бо итминони комил гуфта метавонам, ки иғвоангезон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.