ТАРҒИБИ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

Фархор:  

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ва ҳамзамон ба дарки сокинон расонидани аҳмият ва моҳияти хизмати ҷовонон дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ,  ва аз бемориҳои сироятӣ, дар ҳудуди деҳаҳои ноҳияи Фархор санаи 28 марти соли ҷорӣ бо усули «хона ба хона» мулоқотҳо баргузор намуданд.Зимни суханронӣ масъулин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ироз доштанд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Вобаста ба ин, бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.

Ҳамзамон ба сокинон варақа - таъкидҳо оид ба масълаҳои болозикр тақсим намуданд.