Дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Дӯстӣ: Андеша  

Боиси сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.
Инак ин ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи захираҳои обӣ ва самаранок истифода бурдани об дар сатҳи байналмиллалӣ  мебошад.
Ҳамон тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабул намудани қатъномаи “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  иброз доштанд.
“Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Дуввум ин, ки  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.
Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.”
Ҷумҳурии Тоҷикистони давоми  31 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, айни замон мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон касб кардааст.
Лозим ба ёдоварист аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Дар партави роҳбарии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва яке аз кишварҳои ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф менамоянд.
Ҷонибдорӣ намудани 5 ташаббуси пешниҳодгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи захираҳои обӣ, самаранок истифода бурдани об ва ҳифзи умуммиҷаҳонии пиряхҳо аз ҷиниби Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, Институтҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои бонуфузи сайёра худ далели ин гуфтаҳост.
Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ба мушкилоти дохилӣ ва минтақавӣ, балки ба проблемаи таъмини аҳолии дунё бо оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Хусусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти бештар гардидани талабот ба захираҳои об, хушксолии давомдор дар давлатҳои Африқо ва зиёд гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар арсаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшанд.
Дар оғози асри 21-ум,  шуруъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул гардидааст, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини ин ташаббусҳо мебошанд:
1. Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум бо Қарори Ассамблеяи СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 қабул гардидааст.
2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки дар сессияи 58‐ум бо Қарори Асамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 қабул гардидааст.
3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – соли 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Асамблеяи СММ аз 20 декабри соли  2010 таҳти 65/154 қабул гардидааст.
4.    Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Асамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли  2016 қабул гардидааст.
5. 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.
Инсоният дар давоми мавҷудияти худ ба табиат зарари бениҳоят зиёд расонидааст. Буридани дарахту ҷангалзорҳо, аз меъёр зиёд истифода намудани сарватҳои табиӣ, ба баҳру уқёнусҳо партофтани моддаҳои заҳрнок ва партовҳои заводу фабрикаҳо ва ба ҳаво сар додани газҳои гулхонаӣ боиси об шудани пиряхҳо дар олам хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Бояд зикр кард, ки манбаи асосии обҳои ҷумҳурии моро бевосита пиряхҳо ташкил медиҳанд. Бо обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва инчунин кам боридани барф дар солҳои охир боиси кам гардидани сатҳи оби дарёҳои бузурги ҷумҳурӣ гардидааст, ки ин боиси нигаронист. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамагӣ 11% масоҳати Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале дар ҳудуди он 65% захираи обҳои минтақа саршама мегиранд. Ба ин пеш аз ҳама мавқеи географӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, релеф, сатҳи ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд.
 Аз ҳамин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бар зидди ин таҳдидҳои бесобиқа нисбати тағйирёбии иқлим бетарафӣ зоҳир накарда, баръакс баҳри пешгирии ин омили хатарзои ҷомеа чораҳои мушаххасро андешанд, то дар оянда ин омилҳо боиси харобии табиати биҳиштосои мо нагардад.
Амалигардонии ин ташаббусҳо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд.
Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли проблемаҳои глобалӣ эътимод дорад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ:  Зоҳирзода С.У