МУҚОИСАКУНИИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВОРИСОНИ СИНО”

Кӯлоб: Таҳлил  

МУҚОИСАКУНИИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ВОРИСОНИ СИНО”

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва тибқи нақшаи моҳонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷараён дорад.

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворсони Сино” муқоисакунии аъзои ҳизб доир гардид.

Мунавараи Бозоралӣ дар ҷараёни муқоисакунӣ ва мушоҳидаи камбудиҳо ба мутасаддиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бобати саривақт бартараф намудани онҳо тавсияҳои мушаххас доданд.