ТАШАББУСҲО ДАР СОҲАИ ОБ

КИВ: Андеша  

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи обҳои ошомиданӣ дар саёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчӣ зудтар чораҳои зарурии муштракро таҳия ва татбиқ намоянд.

                                                                                                                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

Об манбаи ҳаёт буда, барои кулли мардуми сайёра аз эҳтиёҷоти аввалия маҳсуб меёбад. Бунёди ҳама мавҷудоти зинда инсоният, олами ҳайвонот, набототро об ташаккул медиҳад. Об муъҷизаи офариниш буда, эҳтиромаш аввалиндара мебошад ва инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Вале бовуҷуди ин ҳастанд дар дунё миллионҳо нафароне, ки аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Боиси сарфарозии мо мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки  бо ибтикор ва ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сарфа ва оқилона истифиода бурдани оби нӯшокӣ ва безарар гардонидани он соли 2003 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид “Соли байналхалқии оби тоза” солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналхалқии об барои ҳаёт” соли 2013 “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об” ва соли 2018-2028 Даҳсолаи байналмиллалии “Амал об барои рушди устувор” эълон шудааст.

Ҳамчунин санаи 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаи махсус, ки аз ҷониби Сарвари давлат соли 2025 ро Соли ҳифзи пиряхҳо пешниҳод карда буданд, қабул ва эълон гардид. Ҳамакнун аз оғози соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо гузаронида мешавад. Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо чун муждаи фараҳбахш ба кулли мардуми сайёра собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ки дар равандҳои глобалии пешгириии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. 

Мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Мирзоева Зарина