ОБ МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ

Кӯлоб: Андеша  

Дар саргаҳи обем, ки мо об накобем,

Шояд ки зи дилпокии худ соҳиби обем.

Об манбаи ҳаёт, асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ буда, мӯъҷизаи беҳамто маҳсуб меёбад. Об ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии тамоми мавҷудот ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯ, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебаранд. Воқеан инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисми зиёди вазни бадани инсон аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз беморию дардҳо эмин нигоҳ медорад. Об барои сабзавоту наботот ва ҳайвонот, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: «Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст». Бешубҳа дар он ҷойе, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда ободӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Кишвари маҳбубамон бо обҳои фаровонаш бо кишвари саргаҳи обҳои мусаффо буданаш дар ҷаҳон маъруф мебошад, мо Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини гулбасарамон бояд ҳамеша бифахрем.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 ҳазор кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки онҳо на фақат Тоҷикистон балки мамлакатҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд.

Сол то сол дар ҷомеаи имрӯза истеъмол ё истифодабарии оби тозаи ошомиданӣ дар ҷаҳон хеле афзоиш ёфтааст, ки ин боиси камшавии об мегардад. Дар баъзе қисматҳои ҷаҳон дар манотиқи обҳои ширин партовҳои истеҳсолӣ дучанд афзоиш ёфта, дастрасии сокинонро бо оби ошомиданӣ душвор гардонидааст. Масоили об дар ҳоли ҳозира ба яке аз масъалаҳои ҳалталаб табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нигаронӣ умедвор ба он аст, ки ин мушкилӣ бояд ҳаллу фасли худро ёбад.

Ҳамин аст, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи об ба сатҳи ҷаҳонӣ бардошта шуд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллатамон соли 2003 – соли «Оби тоза», солҳои 2005-2015 – соли байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 соли “байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардида буд, ки бисёр мушкилоти мардуми сайёра то андозае ҳалли худро пайдо карданд.

Ташаббусҳои марбут ба об, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд, аз ҷониби СММ дастгири ёфта, дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф гаштанд, ки обрӯву эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баландтар бардошт ва ӯро ҳамчун абармарди соҳаи сиёсат нисбати ҳалли проблемаҳои экологӣ дар миқёси олам маъруфу машҳур намуд.

Дар робита ба ин месазад, ки суханҳои зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро шиори зиндагии ҳамарӯзаи худ қарор диҳем: «Тоҷикистон, алҳақ як неъмати Худодод, як муъҷизаи табиат ва биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ, набототу ҳайвоноти нодир дар ягон гушаи олам вуҷуд надорад. Пас бояд, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, оқилона истифода намоему тозаю озода нигаҳбон бошем».

Ибтикори навбатие, ки Пешвои миллатамон идомаи пешниҳодҳои қабли буда, барои густариши ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад. Тавре маълум аст, ки 21 – уми декабри соли 2016 Асамблеяи Генералии СММ қатъномаеро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028-ро аз ҷониби Тоҷикистон қабул намуд. Ин дастгирии чаҳорумин ташаббуси Пешвои тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба истифодаи самаранокии об буд. Албатта боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки кишвари зебоманзари моро ҷаҳониён дар шумори кишварҳои фаъолу ташаббускор ва масъалаҳои глобалии марбут ба об ва истифодаи оқилонаи он ба забон меоранд.

Дар урфият мегӯянд «Об ҳасту ободӣ ҳаст». Об аст, ки кули мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нуму ва пояндагӣ қарор доранд. Об аст, ки инсон дар дами марг қатрае аз он ошомида нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт тафсир мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси мавҷудоти оламро об медонем, пас вазифадорем, ин манбаи бузургро чун асоси ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаю озода нигоҳ дорем. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург ва қарзи ҳар як инсон аст, зеро об на танҳо манбаи ободӣ балки манбаи нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастӣ низ мебошад.

Чашмаҳову рудҳои Тоҷикистон зинда бод,

Доиман андар лабони сокинонаш ханда бод.

ХОҶАЕВА Дилафрӯз.,

Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор"