ВАҲДАТИ МО БЕЗАВОЛ АСТ.

Кӯлоб: Андеша  

ВАҲДАТИ МО БЕЗАВОЛ АСТ.

Ҳамдилӣ, ҳамбастагиву ҳамсадоӣ ваҳдат аст,

Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ ваҳдат аст.

Ваҳдат – ин неъмати гаронбаҳо, ҳамдилӣ, ҳамбастагиву ҳамсадоӣ, меҳрубонӣ, ошноӣ, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон мебошад.

Ҳар як миллату давлат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад.

Барои миллати бонангу номус ва сулҳпарвари мо ҳам 27-уми июн, ки ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад, воқеанҳам, як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Дар таърихи муосири кишвари азизамон ду санаи муҳим:

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ хамеша ҷилвагар аст.

Бо ташаббус ва роҳнамоии хирадмандонаи қаҳрамони Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллати мо ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав муваффақ гардида, худро миёни дигар қавму миллатҳо муаррифӣ намояд.

Созишномаи сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ки 27-июни соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати кишвар, бахусус бо ибтикору иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нерӯҳои мухолифин ба тасвиб расид, ҳамакнун чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, нақши мондагор ва рисолати таърихие дорад. Воқеанҳам, ин созишнома рисолати муқаддаси таърихиро барои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон анҷом дод. Танҳо ҳамин ҳуҷчати таърихӣ буд, ки пойдории давлати тоҷикон ва вуҷудияти миллати тоҷикро барои ҷаҳониён эълом намуд. Маҳз оромӣ, муросову мадоро, истиқлолияту ваҳдати моро эмин дошт, забону миллати тоҷикро барои садсолаҳо поянда кард.

Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ ин нуктаро таъкид карданд,ки «Имрӯз Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои миллии муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд».

Сулҳу ваҳдат вожаҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита ҳар як инсонро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани тамоми мардумро ифода мекунад.

Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан ва нисбат ба якдигар ҳурмату эҳтиром доштан аст.

Баъди сарфароз гардидан ба Ваҳдати миллӣ суботи сиёсӣ бо руҳбаландии ватандӯстона марҳалаҳои бонизоми рушди масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф ва умуман даврони созандагиву ободонӣ фаро расид.

Ҳангоми ба даст овардани муваффақияту комёбиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаётӣ давлативу ҷамъиятӣ саҳми шахсии Пешвои азизи миллат беандоза бузург ва шоистаи таҳсин аст.

Моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ин ҳадафи олӣ ва мақсади наҷиби ҳар як сокини кишвар бояд бошад.

Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки ваҳдат дар қалб ва хиради мардуми мо аз ибтидо ҷой дорад ва аминем, ки имрӯзу оянда низ ин ҷавҳари ҷовидонаро безавол ва абадӣ нигаҳдорӣ ва ҳифз хоҳанд кард.

Сиёсати ваҳдатофарини Ҳукумати мамлакат моро водор месозад, ки аз унсурҳои муҳими он ифтихори ватандорӣ, шаҳрвандӣ, шуури миллӣ ва хештаншиносӣ дар рушд ва ташаккули соҳаи маориф ҳадафмандона кору фаъолият намоем.

Бигзор кишвари азизи мо то абад ошёни сулҳу ваҳдат бошад!

Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори Ваҳдат аст.

Буд пареш аз боди офат хоки поки офият,

Мардуми сарҷамъ акнун посдори Ваҳдат аст.

Мубина Қаюмова.,

аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор"